Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз хабаргузории Ал-Ҷазира, Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико имрӯз шанбе бо такрори мавқеъҳои хусуматборонаи худ алайҳи Теҳрон иддао кард: Пешниҳоди Эронро рад мекунам.
Бар асоси эълони ин расона, раиси ҷумҳури Амрико бо вуҷуди он ки таҷрибаи шикасти «фишори ҳадди аксар» алайҳи Эрон дар давраи аввали раёсати ҷумҳурии худро дорад, иддао кард: Ҳар гуна созишеро, ки дар он Эрон ба сабаби таҳаммул кардани хисоротҳои сангин, ба дунболи азсаргирии фаврии тиҷорат бошад, рад мекунам!
Доналд Трамп бар хилофи гузоришҳои расмии нашршуда дар бораи баста будани Танги Ҳурмуз ба сабаби ба вуҷуд омадани ноамнӣ аз сӯи ин кишвар пас аз таҷовузи ғайриқонунӣ ба Эрон ва инчунин бо ҳадафи таъсиргузорӣ бар бозорҳои энергетикӣ, иддао кард: Дар ҳоли ба даст овардани пирӯзии бузург ҳастем ва назорати комили Танги Ҳурмузро дар ихтиёр дорем. Миқдорҳои азими нафт аз Танги Ҳурмуз мегузарад ва шаби гузашта 29 киштӣ аз он гузашт!
Вай дар талош барои табреи худ аз эҷоди буҳрони сӯзишворӣ дар кишварҳои ғарбӣ, ки пас аз ноамн шудани Танги роҳбурдии Ҳурмуз рух додааст, иддао кард: Эрон мехоҳад Танги Ҳурмузро фавран бозкушоӣ кунад, зеро таҳаммул кардани хисоротҳои сангин кардааст! Эрон хоҳони созиш аст, ва ман ҳам аз созиш кардан хушам меояд, аммо ин пешниҳод қобили қабул нест. Теҳрон ба сабаби нагирифтани вуҷуҳи молӣ дучори зиён шудааст, ҳол он ки манбаи даромадаш тавассути Танги Ҳурмуз таъмин мешавад. Эрон бо бастани Танги Ҳурмуз худро дар бунбаст гирифтор кард ва мо шадидтарин муҳосираи таърихи низомиро бар он татбиқ кардаем. Мо девори пӯлодиро перомуни Танги Ҳурмуз эҷод кардаем ва Эрон ба хотири ин инсидод, дигар пулӣ дар ихтиёр надорад!
Трамп дар посух ба саволи хабарнигоре бар ин мабно, ки «Оё танҳо расонаҳоеро мехоҳед, ки аз шумо ҳимоят кунанд?», кӯшид расонаҳои ошкоркунандаи бекафоияти ӯро ин тавр хитоб кунад: Ман хоҳони ахбори воқеӣ ҳастам, на ахбори ҷаълӣ мисли шумо. Ман ошиқи матбуоти озод ҳастам. Чизе, ки дӯст надорам, матбуоти ҷаълӣ аст!
Your Comment